Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:51

Баҳрайн, Эрон, Кувайт ва Молдов рақибони тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

26 апрел 2012, 03:28

Футболбозони то 22 солаи тоҷик ба сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2013 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-22) омодагӣ мебинанд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба Озодагон иттилоъ доданд, тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Молдов вориди рақобат мешавад. Бозии нахусти ин гурӯҳ 23-юми июн бо рақобати Тоҷикистон – Баҳрайн ва Қатар – Молдов оғоз мешавад. 25-уми июн Баҳрайн – Кувайт ,Эрон – Қатар ва Тоҷикистон – Молдов бозӣ мекунанд. Даври 3-юм 28-уми июн бо дидори Кувайт – Тоҷикистон, Молдов – Эрон ва Баҳрайн – Қатар шурӯъ мегардад. Дар даври 4-ум, ки 30-юми июн ба назар гирифта шудааст, Қатар бо Кувайт, Молдив бо Баҳрайн ва Эрон бо Тоҷикистон вориди рақобат мешаванд. Даври 5-ум 3-юми июл бо қувваозмоии Кувайт – Молдов, Тоҷикистон – Қатар ва Баҳрайн – Эрон идома меёбад.
Ин бозиҳо бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар Малайзия баргузор мешаванд.
Дар асоси қуръапартоӣ гурӯҳҳои дигар ба ин тариқ ҷо ба ҷо шудаанд:0
Гурӯҳи А: АМА, Ироқ, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Лубнон.
Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ, Сурия, Покистон, Фаластин, Қирғизистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи С: Баҳрайн, Эрон, Тоҷикистон, Қатар, Кувайт, Молдов.
Гурӯҳи D: Узбакистон, Урдун, Яман, Бангладеш, Непал.
Гурӯҳи Е: Австралия, Ҷопон, Индонезия, Сингапур, Макао, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи F: Кореяи Шимолӣ, Чин, Тайланд, Ҳонконг, Лаос, Камбоҷа.
Гурӯҳи G: Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Малайзия, Мянмар, Тайван, Филиппин.

Ёдовар мешавем, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниҳоӣ, ки аз 11-ум то 26-уми январи соли 2014-ум баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!