Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:59

Лағви қарордоди содироти гази Миср ба Исроил

26 апрел 2012, 04:46

Ширкати миллии гази Миср аз лағви қарордоди содироти гази ин кишвар ба Исроил хабар дод.

Ба навиштаи рӯзномаи "Ҳааретс"-и Исроил, Ширкати миллии гази Миср рӯзи якшанбе эълом кард, ки қарордоди содироти газ ба Исроилро лағв мекунад.

 

Миср рӯзи якшанбе ба ширкати АMJ - ширкати содиркунандае, ки гази табиии Мисрро ба Исроил содир мекунад, эълом кард, ки ин қарордод лағв шудааст.
Соли 2005 ва тайи тавофуқе, ки миёни Миср ва Исроил анҷом шуд, Миср ӯҳдадор шуд, ки тайи 20 соли оянда 7 миллиард метри мукааб гази табиӣ ба Исроил содир кунад.
Манобеи ширкати AMJ эълом кардаанд, ки Миср дарк намекунад чӣ коре анҷом додааст, ин иқдом мумкин аст натиҷаҳои манфӣ, чи аз назари иқтисодӣ ва чи аз назари сиёсӣ барои Миср ба дунбол дошта бошад ва поймол шудани тавофуқи сулҳ миёни Миср ва Исроил ба шумор меояд.
Баъд аз сарнагунии режими Ҳуснӣ Муборак хати лӯлаи содироти гази Миср ба Исроил 14 бор таркидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!