Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 00:01

Мухолифини Русия барои митинг алайҳи президентшавии Путин омодагӣ мебинанд

26 апрел 2012, 05:58

Мухолифини ҳукумати вақти Русия субҳи имрӯз барои баргузор кардани тазоҳуроти эътирозӣ дар санаи 6-уми май ба шаҳрдори Маскав дархост ирсол кардаанд.

Дар ин бора маркази матбуоти “Ҷабҳаи чап” хабар дод.

Гуфта мешавад, тасмим аст, эътирози мазкур дар шакли роҳпаймоӣ ва баъдан митинг рӯзи 6-уми май соати 15:00 аз майдони “Триумфалний” шурӯъ шуда, ба кӯчаи Тверская гузашта то ба Майдони Манеж рафта мерасад. Мардум эътирози худро оид ба натоиҷи интихоботҳои порлумониву президентӣ ва муаррифии Владимир Путин ба маснади президентӣ, ки рӯзи 7 май сурат мегирад, изҳор кардан мехоҳанд, менависад манбаи хабар.
Сергей Удалтсов, яке аз ҳамоҳангсозони ин эътирозот гуфтааст, шиори асосии ҳамойиш эътироф накардани интихоботҳо ва даъвати интихоботҳои ғайринавбатии порлумониву президентӣ будааст.

-Мо интизор дорем,ки дар мӯҳлати 3 рӯз аз шаҳрдорӣ ҷавоб дарёфт намоем. Ҳамчунин омодаем хатсайри тазоҳуротро бо мақомот баррасӣ намоем, -гуфт Сергей Удалтсов, ҳамоҳангсози “Ҷабҳаи чап”.
Дар ҳамин ҳол мухолифини ҳукумати Русия дар мавриди баргузор кардани ҳамойишҳо дар рӯзи 1-уми май ба мувофиқа нарасиданд ва ҳар ҳизбу созмони мухолифи ҳукумат дар алоҳидагӣ тазоҳурот доир карданист.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!