Бахшҳо

Даъвогар наомад, боз қазияи додгоҳии «Фараж» ба таъхир гузошта шуд

Қазияи  додгоҳии ҳафтаномаи «Фараж» аз рӯи шикояти Файзиддин Азизов аз болои Зевар Шарипова ва ҳамҷавобгар рӯзномаи «Фараж» аз сабаби наомадани даъвогар  ба 30-уми апрели соли равон мавқуф гузошта шуд.

Имрӯз дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи судӣ аз рӯи шикояти Файзиддин Азизов аз болои Зевар Шарипова ва ҳамҷавобгар рӯзномаи «Фараж»  бе иштироки даъвогар оғоз гардид. Зимни баргузории мурофиаи судӣ Қутбиддин Ҳисайнов, раисикунандаи мурофиа қайд кард, ки аз сабаби наомадани даъвогар ва намояндаи ӯ  мурофиаи суди ба 30-уми апрели соли равон гузошта мешавад.

Ҳачунин ӯ таъкид кард, ки, дар ин мудат суд як бори дигар даъвогаро  ба мурофиа  даъват мекунад,  дар ҳолати такроран  наомадани даъвогар  суд қарори худро мебарорад.
Ёдовар мешавем, баҳси ҳафтаномаи мазкур сари масъалаи нашри мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» - 22 000 ҳазор доллар» (ҳафтаномаи «Фараж» аз 17-уми августи соли 2011) оғоз гардидааст.
Файзиддин Азизов сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси яке аз ҷамоатҳои ин ноҳия,  ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ин ки гуё  ҳафтаномаи  «Фараж» - ба паст задани шаъну эътибор ва мартабаи кори ӯ гунаҳкор аст, аризаи даъвогӣ ирсол намудааст..
Дар ҳафтанома сухан дар бораи ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ва аз бархӯрд бо автомашинаи дигар осеб дидани автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и истеҳсоли соли 1990 меравад, ки таҳти идораи Ф.Азизов қарор дошт. Суди ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шикоятии Ф.Азизовро баррасӣ карда, ронандаи автомашинаи дигарро барои расонидани зарар дар ҳаҷми 22 ҳазор доллари ИМА ҷарима бастааст.
Пас аз нашри ин матлаб баҳси судӣ шурӯъ шудааст ва то ҳол идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)