Юсуф Ризо Гелонӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ дар масъалаи мусоидат накардан ба тафтишоти айбдории раисҷумҳури Покистон Осиф Алии Зардорӣ муттаҳам карда шуд.
Аз ҷумла ҳукумати Гелонӣ тақозои додгоҳро барои фиристодани дархости расмӣ ба мақомоти Швейтсария бо мақсади оғози дубораи тафтишоти қазияи Зардорӣ, ки соли 2008 баъди раисҷумҳури Покистон интихоб шуданаш мутаваққиф карда шуд, рад карда будааст. Гелонӣ ин амалӣ худро бо он ки тибқи қонунгузорӣ раисҷумҳур ваколати дахлнопазирӣ дорад, асоснок кардааст.
Дар ҳамин ҳол тафтишот Осиф Алии Зардорӣ ва ҳамсари ӯ Беназир Бҳутторо барои рабудани 12 миллион доллар дар солҳои 1990 гумонбар медонад. Ҳамчунин дар Покистон тафтишоти қазияи раисҷумҳур ва ҳамсараш бар асоси судури фармони афв соли 2009 боздошта шуда буд, ки баъдан онро бар асоси мухолифат ба қонунин асосӣ бекор карданд.
Ёдовар мешавем, додгоҳи Швейтсария соли 2003 Зардорӣ ва ҳамсараш Бҳуторо дар ғайбашон гунаҳкор шинохта буд.
Мӯҳр
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |