Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

Мусо Диноршоев: “Тоҷикистон бояд ба хати форсӣ гузарад”

26 апрел 2012, 09:59

Профессор Мусо Диноршоев, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори ба хатти форсӣ гузаштани забони тоҷикӣ аст.

Номбурда, ки дар маҳфиле бо рӯзноманигорони ҷавон сӯҳбат мекард, гуфт, тоҷикон дар гузашта шоирони соҳибдевони зиёде доштанд, ки имкони тамоми асарҳои онҳоро ба хати кириллӣ гардонидан мавҷуд нест. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон раванди тарҷума ва баргардонии асарҳои маъруфи замонавӣ чандон роиҷ нест, аммо охирин китобҳои маъруфи Ғарб дар Эрон дар камтарин фурсат бо хатти форсӣ баргардонида мешаванд.

Дар сурати ба хати форсӣ гузаштан, тоҷикон имкони ба осонӣ мутолиа кардани онҳоро хоҳанд дошт. Ба қавли Диноршоев хатти кириллии тоҷикӣ танҳо дар Тоҷикистон лозим мешавад. Яке аз далелҳои дигари зарурати ба хатти форсӣ гузаштани забони тоҷикиро номбурда ба вожаҳое рабт дод, ки дар форсӣ бо ҳарфҳои мухталиф навишта шуда маънии гуногун доранд, аммо дар хатти кириллӣ як хел навишта мешаванд. «Ҳамин аст, ки ҳангоми ба форсӣ баргардонидани шеърҳои шоирони мо, адабиётшиносони эрону афғон ба заъфи вазниву қофиявии онҳо ишора мекунанд»,-афзуд профессор.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бояд Точикистони мо бист сол пеш хатти форсиро ба рох мемонд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гузаштан бати хати арабиасос натанҳо бино ба гуфтаҳои устод Диноршоев зарур аст, балки он аз хотири нигаҳ доштан ва таҳким бахшидани забони модарӣ низ аҳамияти бузург дорад. Мо бояд ҳарчи зудтар аз хати кириллӣ даст кашида марҳила ба марҳила ба хати арабӣ гузарем. Соли аввал танҳо синфҳои якум бояд бо ин алифбо дарс дода шаванд. Соли дуввум инҳо синфи ду мешаванд ва боз синфҳои як қабул ва форсӣ дарс дода мешаванд, ва ғайра. Мебинем, ки тайи даҳ - ёздаҳ сол аллакай як насл донандагони ин хат мегарданд. Ин ҳеч ҷойи мушкилӣ надорад. Агар мо ин корро оғоз кунем, фикр намекунам, ки бародаарони иронӣ моро танҳо мегузоранд. Онҳо ҳатман кӯмак хоҳанд кард.
Ғайр аз ин, сухан сари нангу номуси миллӣ меравад. Забони мо аз қадим форсӣ номида мешуд. Ҳамин ҳозир ҳам, вақте дар хориҷа касе ду нафар тоҷикро мавриди гапзанӣ мебинад, ҳатман мепурсад, ки мо ФОРСИРО аз куҷо балад ҳастем. Забони мо бояд дубора ФОРСӢ номида шавад, на тоҷикӣ! Матале ҳаст, ки ФОРСӢ ШАКАР АСТ, АРАБӢ ДАРДИ САР АСТ(душвор аст)! Нагуфтаанд, ки "тоҷикӣ шакар аст". Агар мо забонамонро "ФОРСӢ" номем, ҳама маҷбур мешаванд дар гуфтор ва иншо меъёри забонро(стандартро) риоя кунанд, наинки мисли ҳозир - касе чӣ хел хоҳад менависад ва сухан мекунад. Илова бар он мо аз бисёр калимаҳои фачи русие, ки дар эълону таблиғот пур ҳастанд, раҳо мегардем. Зеро онҳоро бо хати арабӣ нависта намешавад. Муҳимтар аз ҳама, гузаштан ба хати ниёгон аҳамияти бузурги сиёсӣ низ дорад. Мо аз асорат ва тобеъияти Русия як зарра ҳам бошад озод мешавем. Ин ҳам таҳкими соҳибистиқлолӣ хоҳад буд. Ҳукумат бояд ин масъаларо ҳарчи зудтар баррасӣ карда, қарори дахлдор қабул кунад. Ҳар лаҳза дер шуда истодааст. Вазири маориф аз осмон наафтодаст, ки суханони ӯ қонун бошанд. Пеш аз ҳама худи ӯ суханкуниро бояд ёд гирад. Аз ӯ касе изҳори назар напурсидааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳеҷ зарурате барои гузариш ба хати Қутайба нест.
Посух додан
  • Твер

  • 23 сентябр 2014 09:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илолшох ин хати кадимаи худамон аст -на хати араб асту на хати Кутайба!
Посух додан
  • Хусейн

  • 23 феврал 2016 16:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба хати форси бар гаштан ба тахрихи 1000 солаи худ баргаштан аст мояд ба хати форси баргардем!
Посух додан
  • ЮНУСОВ ҲУСАЙН

  • 17 июн 2016 19:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устод Диноршоев, бубахшед, шумо, ки мегуед, мо бояд ба хатти форсӣ гузарем, чаро бо бояд танбал бошем, чаро бояд тайёрхур бошем, мо, ки як давлати соҳибихтиёр дорем, на бояд ба хат, забон, ва чизҳои дигар касон ниёзе дошта бошем. дуруст аст, ки ба хатти форсӣ манбаъ фаровон аст, далил ин аст, ки мардуми Ирон дар ин ҷодда саъй ва кӯшиши зиёде мекунанд ва илова бар ин мутарҷимонҳои барҷастае доранд, ки вазоиф ва масъуляте, ки бар душашон вогузор шудааст, хуб амал мекунанд. Ин ки мо мутарҷимони хубе надорем, ин ки тақсири хубамон аст, бояд ин равандро дар тоҷикистон роиҷ кард. боиси масхара аст, ки мо дар ин масир ба касе муҳтоҷ бошем. инро бояд худи давлат ба пиёда кунад. шумо, ки мегуед чун ба хатти форсӣ манбаъ зиёд аст, агар ба ин хат баргардем, пеш меравем, мо, аввалан, ба чунин кор тавоноии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ надорем ва ин корест бисёр мушкил,зеро мо то ки ҳама чизҳоро ба хатти форсӣ бармегардонем мардум бесавод мемонанд. ин тур ки шумо фикр мекунед кори осоне нест. масалан, бубинед, кишвари Чин, Ҷопон ё Курё ин кишварҳо, ки аз лиҳози забон, хат, фарҳанг ба ҳеҷ аз кишварҳои дунё шабиҳ нистанд, аммо кишварҳои ҷаҳони якум ба ҳисоб меоянд, инҳо ҳам барои пешрафти кишвари худашон магар аз хат ва забони дигарон истиФОДА карданд? мо ҳам набояд ин тавр бошем, ки муҳтоҷи каси дигаре бошем. мо имруз давлат, забон фаҳанг, торих, тамаддун ва кишвари озод дорем, на тобеи дигаре, ба ин далил мо ҳам бояд мисли киварҳои дигар бошем, на тайёрхур.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!