Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:56

Сафорати Эрон: Амрико монеи ҳамкории Тоҷикистону Эрон шуда наметавонад

27 апрел 2012, 03:45

Тавони Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои Ғарб барои боздошти густариши ҳамкории Тоҷикистону Эрон кифоят намекунад.

Ин нуқтаро дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисоди сафорати Эрон дар Тоҷикистон изҳор дошт.
Баёнӣ мегӯяд, таҳриму фишорҳои Амрико нисбат ба Эрон, аз замони инқилоби исломӣ - 31 сол боз идома доранд: «Ин таҳримҳо на монеа, балки ба сифати як такондиҳандаи рушди Эрон хизмат мекунанд. Таи 31 соли таҳримбозиҳои Амрико, Эрон тавонист бо истифода аз захираҳои худӣ ба як кишвари зудрушдёбандаи ҷаҳон табдил ёбад. Тақрибан ягона кишварест, ки бе кӯмаки хориҷӣ тавонист ба ин дастовардҳо ноил гардад ва ҳатто ба кайҳон барояд».

Дар мавриди таъсири таҳримҳои ғарбӣ ба ҳаҷми сармоягузориҳои Эрон ба Тоҷикистон, Аббос Баёнӣ афзуд, ки то ҷое метавонад мушкилзо бошад, вале ҳар мушкил ҳалли худро дорад. Аз ҷумла ба қавли масъули бахши иқтисоди сафорати Эрон дар Тоҷикистон бонкҳои давлати исломӣ барои ҳали мушкили интиқоли пул ба Тоҷикистон роҳу усулҳояшонро дигар мекунанд.
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон Эрон яке аз панҷ шарики калонтарини тиҷории кишвари мо маҳсуб ёфта, соли гузашта табодули мол миёни Тоҷикистону Эрон 204 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!