Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:34

Афғонистон, Покистон ва Амрико мавзӯи фирориёни афғонро баррасӣ мекунанд

27 апрел 2012, 09:38

Имрӯз, 27-уми апрел дар шаҳри Исломобод ҷаласаи шашуми кишварҳои Афғонистон, Покистон ва ИМА оид ба раванди оташбас ба кори худ оғоз кард.

Музокироти намояндаҳои дипломатии се кишвар фардо низ идома хоҳад кард. Ҳайати Афғонистонро муовини вазири умури хориҷӣ Ҷовид Лудин, Покистонро котиби АКХ Ҷалил Аббос Ҷилони ва ҷониби Амрикоро фиристодаи вижаи ИМА оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман намояндагӣ мекунанд.

Тақрибан ҳафт моҳ пеш, баъди кушта шудани Бурҳониддин Раббонӣ, роҳбари Шӯрои олии сулҳи Афғонистон гурӯҳи корӣ оид ба раванди оташбас кори худро қатъ карда буд. Моҳи сипаришуда, зимни мулоқоти дипломатҳо дар шаҳри Душанбе фаъолияти гурӯмазкур барқарор гардид. Дар ҷаласаи имрӯз қарор аст, дар баробари баррасии мавзӯъҳои оташбас ва ба ҳаёти мулкӣ баргардонидани ошубгарони таслимшуда, ҳамчунин мубориза бо қоҷоқи маводи мухаддир ва баргардонидани фирориёни афғон ба ватан муҳокима шавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!