Дар пайи сил силаи инфиҷорҳо дар Днепропетровски Укроин 27 нафар зарар дидааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Укроин аз вуқӯи чор таркиш хабар додааст, аммо ба иттилои ғайрирасмӣ шумори инфиҷорҳо шояд ба маротиб бештар бошад. Ҳамчунин бархе расонаҳо навиштаанд, ки таркишҳо хисороти ҷонӣ ҳам дар пай доштаанд.
Инфиҷори аввал наздикии зуҳр дар маркази шаҳр, назди истгоҳи трамвай ба вуқӯъ пайваст. Гуфта мешавад, маводи мунфаҷира дар дохили қуттии партов будааст. Баъдан, як таркиши дигар дар наздикии кинотеатри «Родина» (ин ҷо ҳам маводи таркандаро дохили қуттии партов гузоштаанд) ба амал меояд. Таркиши сеюм дар ҳудуди боғи истироҳатӣ ва инфиҷори дигар наздикии истгоҳи трамвай (он ҷо ки таркиши аввал рух дода буд), ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ҳоло кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ВҲФ дигар қуттиҳои партовро аз назар мегузаронанд. Дар расонаҳо хабарҳои тасдиқнашудаи таркиш дар дигар нуктаҳои шаҳр пахш шудааст. Бархе расонаҳо теъдоди инфиҷорро то ба даҳ рақам мезананд.
Мӯҳр