Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:12

Қатъи фаъолияти телевизиони К+ дар Тоҷикистон

2 июн 2011, 04:06

Шурӯъ аз якуми июн барномаҳои телевизиони К+ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ гардиданд. Ин шабакаи телевизионӣ, ки дар Қазоқистон бо исми «Стан Тв» маъруф аст, се сол боз дар Тоҷикистон барномаҳои худро тариқи моҳвора пахш мекард.

Тибқи иттилои расида аз масъулини дафтари душанбегии ин канали телевизионӣ пружа ва ё худ тарҳи фаъолияти ин шабака дар Тоҷикистон ба поён расида, сокинони Қирғизистон ва Қазоқистон роҳат аз он истифода хоҳанд кард. Маврид ба ёдоварист, намояндагииТВ  "К+" дар Тоҷикистон 14 нафар корманд дошт, ки аз онҳо 6 нафар хабарнигор, 4 нафар муҳаррир ва 4 нафар коргардон буданд. Бархе аз ин хабарнигорон аз шаҳри Хуҷанд ва боқӣ аз Душанбе  барои ин телевизион гузоришҳо омода мекарданд. Масъулини дафтари душанбегии телевизиони мазкур мегӯянд,  қатъи фаъолияти ин шабака  ҳеч гуна ангезаи сиёсӣ надорад. Фаъолияти дафтари намояндагии "Стан ТВ" дар Тоҷикистон аз соли 2008 шурӯъ шуда, ҳудуди се соли ахир дар бозори иттилоотии кишвар ҷойгоҳи хосеро барои худ касб карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!