Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:57

Чор паҳлавони тоҷик барои имтиёзҳои олимпӣ ба майдони дзюдо мебароянд

28 апрел 2012, 03:28

Имрӯз, 28-уми апрел дар охирин рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тошканд чор паҳлавони тоҷик барои имтиёзҳои олимпӣ мубориза мебарад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Озодагон гуфтанд, имрӯз рақобати Фарҳод Раҳимов бо Вен Шун Вуи тайванӣ, Парвиз Собиров бо Қувват Нуриеви туркманистонӣ, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Болот Токтогонови қирғиз ва Абубакр Раҳмонов бо Сунг Мин Кими кореягӣ дар назар аст.
Аммо Расул Боқиев, ки рӯзи гузашта дар вазни то 73 кило ба майдон баромад, зинаи сеюмро соҳиб шуд. Ӯ дар зӯрозмоии аввалинаш Чун Та Ҳёнги тайванӣ ва дар даври дуюм Ринат Иброҳимови қазоқистониро мағлуб кард. Дар нимфинал аз Ки Чун Ванги кореягӣ шикаст хӯрд. Аммо дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар Озод Кубакаеви қирғиз дастболо гардид.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро дар сабқати қаҳрамонии Осиёи пойтахти Ӯзбакистон ҳафт дзюдочӣ намояндагӣ мекунад: Ҷамшед Халилов (60 кг), Сӯҳроб Раҳимов (66 кг), Расул Боқиев (73 кг), Фарҳод Раҳимов (81 кг), Парвиз Собиров (90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (100 кг) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг).


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!