Бахшҳо

Ҳамарӯза 5 ҳазор корманд бар асари нохушӣ дар ҷои кор ба ҳалокат мерасанд

28-уми апрел бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии меҳнат Рӯзи рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат эълон шудааст.

Ҳамасола ин санаро зиёда аз 100 кишвари дунё таҷлил мекунад. Идеяи таъсиси рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат ба Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба тааллуқ дорад, ки шурӯъ аз соли 1996 рӯзи хотираи кормандони дар ҷои кору истеҳсолот фавтидаро қайд мекунанд.

 

Дар Тоҷикистон ҳам, хабарҳо оид ба фавти кормандон дар сохтмон, хатҳои интиқоли барқ, чоҳҳои газ ва ғайраҳо зиёд паҳн мегардад. Тибқи нишондодҳои оморӣ, сохтмонҳо, ки ҷои кори асосии шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохилу хориҷ маҳсуб меёбад, аз рӯи шумораи фавти кормандон дар ҷои якум меистад. Масъулини шӯъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мегӯянд, аксари сохтмонҳои Тоҷикистон ба қоидаҳои муқаррарии бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд. Таҳлилгарони Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Тоҷикистон мушкили асосиро дар он медонанд, ки ба сохтмонҳои кишвар одамоне пазируфта мешаванд, ки маълумоти касбӣ надоранд, ҳуқуқҳои меҳнатии худро намедонанд ва бо меъёрҳои техникаи бехатарӣ дуруст ошно нестанд. Корфармоён ҳам одатан зимни қабул ба кор ин омилҳоро сарфи назар мекунанд.

Тибқи таҳлили Созмони байналмилалии меҳнат ҳамасола дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва мубталошавӣ ба бемориҳои касбӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 300 ҳазор, ба ҳисоби миёна дар як рӯз 5 ҳазор корманд мефавтад. Ҳудуди 270 миллион дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш зарар дида, 160 миллион ба бемориҳои касбӣ мубтало мешаванд.

Дар Тоҷикистон мувофиқи моддаи 31-и қонун «Дар бораи муҳофизати меҳнат» ҳангоми фавти корманд дар истеҳсолот, ташкилоти кордеҳ ӯҳдадор мешавад, ки ба оилаи ӯ 120 маоши миёна кӯмакпулии яквақта ва то ба балоғат расидани фарзандонаш ҳар моҳ маблағи муайянро пардохт намояд.

Масъулини иттифоқҳои касабаи кишвар мегӯянд, ин муқаррароти қонун дар амал на ҳама вақт иҷро мегардад. Аммо намояндагони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, дар сурати рух додани ҳолати нохуш ҳамеша барои ҷабрдида мададпулиро мерӯёнанд. Дар Хадамот далел меоранд, ки то ҳол аз ширкатҳои сохтмонии Эрон, Чин, Русия ва Тоҷикистон барои оилаҳои ҷабрдида маблағи аз 50 то 150 ҳазор сомонӣ гирифта шудааст. Ба гуфтаи масъулини Хадамот дар сурати аз тарафи корхона дарёфт нашудани маблағ, бо қарори суд амволи он ҳабс шуда, аз ҳисоби он ба ҷабрдидаҳо маблағ пардохт мешавад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)