Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 09:00

Захираи тиҷории Тоҷикистону Афғонистон дуруст истифода намешавад

30 апрел 2012, 12:31

Захираи тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон хеле зиёд аст, вале мутаасифона аз он ба таври дуруст истифода намешавад.

Дар сурати идома кардани ин вазъият хавфи маҳдуд гаштани тиҷорати тоҷику афғон вуҷуд дорад. Ин нуктаро Музаффар Олимов, доктори илмҳои таърих зимни як ҳамоише дар Душанбе иброз дошт. Номбурда мегӯяд, мубодилаи мол миёни ду кишвар на он қадар бузург аст ва он бештар тиҷорати наздисарҳадӣ буда, барои рушди шимоли Афғонистон хеле назаррас аст: «Тақрибан сеяки молҳои аз сарҳад интиқолмешуда маҳалиянд. Ҷониби Тоҷикистон як зумра қарорҳои меъёрие ба тавсиб расонидааст, ки барои соддатар намудани тиҷорати наздисарҳадӣ бо Афғонистон равона шудааст». Ба қавли Музаффар Олимов, 31 намуди молҳо аз Афғонистон аз андоз ва молиёти сарҳади озоданд, вале монеаҳо дар рушди тиҷорат миёни ин ду кишвари ҳамсоя вуҷуд дорад.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!