Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Ноибпрезидент дар куштори шаш корманди суд гунаҳкор шуд

1 май 2012, 03:46

Тариқ Ҳошими, ноибпрезиденти Ироқ аз сӯи додгоҳи ин кишвар бо иттиҳоми даст доштан дар куштори шаш нафар ва ташкили амалҳои террористӣ ғоибона маҳкум шуд.

Баррасии қазияи судии Ҳошимӣ 3-юми майи соли равон дар шаҳри Бағдод оғоз мешавад. Аммо ноибрайисҷумҳур, ки дар Истанбул қарор дорад, дар он ширкат нахоҳад кард. Иҷозаи боздошт кардани Тариқ Ҳошимӣ, ки аз сунимазҳабони Ироқ аст, 19-уми декабри соли 2011 имзо шуд, вале ӯ аз кишвар фирор кард. Ноибпрезидентро дар даст доштан дар куштори кормандони суди Бағдод ва ташкили амалҳои террорӣ муттаҳам медонанд. Аммо Ҳошимӣ ин айбномаҳоро рад карда мегӯяд, иттиҳомот алайҳи ӯ сохта ва кори дасти Нури ал Моликӣ, роҳбари шиамазҳаби ҳукумат аст. Ҳошимӣ ҳамчунин ҳукуматро бо он муттаҳам кард, ки миёни намояндагони равияҳои мухталифи Ислом мухолифат бармеангезад, ки сабаби бархӯрди нави сунӣ ва шиаҳо мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!