Имрӯз, 1-уми май ба унвони Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон шинохта мешавад.
Таҷлили 1-уми май, маъруф ба Иди меҳнат ва ё Иди якдилии заҳматкашони дунё дар Шӯравии собиқ ботантана таҷлил мешуд. Баъди истиқлол касб кардани Тоҷикистон ҳарчанд дар тақвим якуми май истироҳат элон шудааст, аммо аз маъруфияти чандоне бархӯрдор нест.
Таърихи иди ҳамраъйии меҳнаткашон аз 1-уми майи соли 1886 ибтидо мегирад, ки дар шаҳри Чикагои Амрико коргарон бо талаби рӯзи кории 8-саоата ба майдон рехтанд ва ин тазоҳурот ба задухӯрди хунин бо пулис анҷом ёфт. Соли 1889 Кунгураи порисии Интернатсионали II дар бораи ҳамасола баргузор кардани намоишҳо дар ин рӯз қарор баровард ва аввалин намоишҳои ҳамраъйии меҳнаткашон соли 1890 дар Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, ИМА, Норвегия, Фаронса, Швейсия ва дигар кишварҳо баргузор шуд.
Ҳукумати Шӯравӣ баъд аз соли 1917 Иди меҳнат ва ҳамраъйии меҳнаткашонро дар амри муборизаҳои идеологиаш бо «ҷаҳони сармоя» яке аз идҳои муҳим медонист ва таҷлили онро дар саросари Шӯравӣ ба роҳ андохт.
Мӯҳр