Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 22:03

Фоизи меъёри қарзҳо дар Тоҷикистон 2,9% коҳиш ёфт

1 май 2012, 05:11

Ба ҳолати 1-уми апрел бақияи умумии қарзҳо тамоили афзоишро идома дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 7,4 фоиз афзудааст.

Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ин нишондиҳанда то санаи 1-уми апрели соли равон бо пули миллӣ 1825,0 миллион сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2511,8 миллион сомониро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 24,26 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 19,89 фоизи солона баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ паст мебошад.
Зимнан манбаъ зикр кард, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда бинобар бештар гаштани талабот ба он, дар ин давра зиёд шуд ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3 фоиз афзуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!