Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:50

Эмомалӣ Раҳмон: Кӯдакон ва саломатии онҳо аз ҳама чиз болост

2 июн 2011, 04:55

Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд.

Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Дар ин бора Перезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кохи Борбад иброз дошт. Райисҷумҳур ҳамзамон афзуд, дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва сироят гардидан ба бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд. Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион кӯдакон, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, мо аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ сохтем.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар назди ҳукумати кишвар комиссия дар бораи ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфта, нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак барои солҳои 2003-2010 ва стратегияи миллӣ оид ба саломатии кўдакон ва наврасон барои давраи то соли 2015 қабул гардиданд.

Дар поёни суханронӣ президент гуфт, ба ҷомеаи мутамаддин аз рўи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кўдакони ятиму маъюбон ва мўйсафедон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рў, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад, ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!