Бахшҳо
01 май 2012 06:50Хабарҳои ҷаҳон

Дар Олмон барои карикатураи Муҳаммад (с) озмун эълон мекунанд

Ҳизби «Ҳаракат барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Рейни Шимолӣ-Вестфалия» (Pro NRW)-и Олмон тасмим гирифтааст, озмуни карикатураҳои Муҳаммад паёмбарро доир намояд.

Тавре Die Welt хабар медиҳад, мақсади миллатгароёни немис эълони мубориза бар зидии исломишавии Олмон будааст.
Гуфта мешавад, озмуни мазкур 13-уми май ҳамроҳ бо тазоҳурот алайҳи сохтмони масоҷид дар Олмон доир мешавад. Ширкаткунандагони тазоҳурот бо карикатураҳои Муҳаммад (с) бояд ба майдон бирезанд. Қарор аст, ин гуна ҳамоишҳо дар 6 минтақаи Олмон дар назди 25 масҷиди мусулмонӣ доир шавад.

Миллатгароёни немис дар девори биноҳои мусулмонӣ беш аз 100 карикатураи Муҳаммад(с)-ро насб  карданиянд.
Аллакай чунин тасмимҳоро ҳизби Pro NRW шанбеи гузашта дар шаҳрҳои Эссен ва Гелзенкирхен доир намуд, аммо пулис нагузошт, то миллатгароён карикатураҳоро ба девори масоҷид насб намоянд. Ин амали намояндагони ҳизби Pro NRW-ро пулиси федеролии Олмон Ҳанс Петер Фридрих маҳкум карда, аз он ки намояндагони ин ҳизб муқобилияти ошкорои зидди  муслиминро роҳандозӣ карданиянд, изҳори ташвиши ҷиддӣ намудаа.
Дар ҳамин ҳол ҳамоҳангсози ҳизби Pro NRW Ларс Зайденштикер изҳор доштааст, ки дар ин амали фаъолонаш ягон кори ғайримаъмулиеро намебинад ва ин ҷавобест ба маъракаи тақсими Қуръон аз сӯи салафиҳои Олмон. Тибқи як хабар тасмим буд, 25 миллион нусхаи Қуръон ба мардуми олмон тақсим шавад.
Ёдовар мешавем, дар гузашта кашидани карикатураҳои Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) боиси нигаронии шадиди мусалмонон шуд. Бузургтарин эътироз соли 2006 дар қиболи нашри карикатураҳои Муҳаммад (с) дар рӯзномаи даниягии Jyllands-Posten аз сӯи Курт Вестергаард баргузор шуд.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)