Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:59

Шаҳроми Абубакр барои «Чорбоғ»-иён консерт дод

2 июн 2011, 05:33

Рӯзи кӯдаконро дар  «Маркази Миллӣ – тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ» ҷашн гирифтанд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз  агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур  раиси ноҳияи Варзоб ва намояндагони вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   иштирок доштанд. Зимни ифтитоҳ директори муассисаи «Чорбоғ» Мавлуда Шамсуллоева, меҳмонон ва иштирокчиёни ҷамъомадро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  табрик намуд. Дар ҷашни Рӯзи байналмилалии кӯдакон  сарояндаи маҳбуб Шаҳроми Абубакр ва дигар  санъаткорон  бо рақсу таронаҳои дилангез қалби ҳозиринро шод намуданд.

Ёдрас менамоем, марказӣ Миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ» моҳи октябри соли 1996 таъсис ёфтааст.  Муассиса барои 240 нафар кӯдакони маъюб барои будубоши доимӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар айни замон дар муссиса 200  тарбиягиранда ба сар мебарад. Ҳамчунин, аз аввали соли 2010 -ум бахши ҳафтуми табобати тавонбахшӣ оғоз гардид, ки дар бастҳо кӯдакон табобат гирифта, модарон бозомӯзӣ карда мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!