Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Дар Тоҷикистон маоши камтаринро кишоварзон мегиранд

2 май 2012, 04:41

Тибқи иттилои расмӣ дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони хоҷагии қишлоқ ва ҷангалпарварӣ мегиранд, ки ба ҳисоби миёна 144 сомониро ташкил медиҳад.

Тавре аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, маоши баландтарин дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаи кӯҳкорию саноат ба қайд гирифта шудаст, ки бештар аз 1000 сомониро ташкил медиҳад. Кормандони соҳаи барқ, газ ва таъминоти об дар моҳи феврали соли равон ба ҳисоби миёна 806 сомонӣ маош гирифтаанд.

Дар маҷмӯъ ҳаҷми маоши миёна дар бахши воқеии иқтисод, ба иттилои Агентии омори кишвар моҳи феврал баробар ба 485 сомонӣ шудаст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 15,6 фоиз зиёд аст. Дар соҳаи хизматрасониҳо маоши баландтаринро кормандони молия ва нақлиёту алоқа доранд, ки ба ҳисоби миёна   1,4 ҳазор сомонӣ мегиранд. Дар соҳаи меҳмонхонаю тарабхонаҳо коргарон ба ҳисоби миёна 956 сомонӣ маош мегиранд. Кормандони соҳаи моҳипарварӣ 266 сомонӣ маош доштаанд.

Маоши ҳадди ақал дар кишвар ҳоло 80 сомонӣ буда, дар назар аст, аз моҳи сентябр то ба 200 сомонӣ баробар гардад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!