Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:10

Сафирон ба ятимхонаҳои Тоҷикистон кӯмак мекунанд

2 май 2012, 04:52

«Анҷумани сафирон дар Душанбе» маблағи аз ҳисоби фурӯши хӯрокҳои миллии худ ба даст омадаро ба ятимхонаҳои Тоҷикистон медиҳанд.

Санаи 6-уми майи соли равон соати 11:00 то 16:00 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт фестивали хайриявии  байналмилалии озуқаворӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ташабуси «Анҷумани сафирон дар Душанбе» доир гардида, дар он тамоми ташкилоти байналмилалӣ ва ҳайатҳои дипломатии муқими Душанбе хӯрокҳои миллии худро ба фурўш мегузоранд. Гуфта мешавад маблағи ба даст омада аз фурӯши маҳсулоти ин ҳамоиш ба фонди ятимхонаҳо гузаронида хоҳад шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!