Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:03

Автомашинаи тамғаи «Порше-Каин» ба яғмо рафтааст

2 май 2012, 07:06

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт Бахтиёр Юлдошевро бо ҷурми қаллобӣ боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Умед Саидови 27 сола, сокини кӯчаи Н.Қаробоеви ноҳияи Шоҳмансур бо ирсоли ариза ба ВКД шикоят кардааст, ки  аз 6-уми феврали соли равон Бахтиёр Юлдошев, сокини кӯчаи Исмоили Сомонӣ бо роҳи фиреб ба боварияш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Порше-Каин»-ро ба маблағи 60 000 доллари амрикоӣ савдо карда  гирифта, ваъда додааст, ки пулашро баъд аз як ҳафта оварда медиҳад, аммо бо ҳамин ғайб задааст.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 247 кодексӣ ҷиноӣ Тоҷикистон аз озоди маҳрум гаштааст.

Бар асоси аризаи мазкур Бахтиёр Юлдошевро кормандони милиса дастгир кардаанд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!