Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:47

Ҳукми суд ба айбдоршудагони қатли «Бобои барфӣ» 3 май эълом хоҳад шуд

2 май 2012, 07:20

Фаррух Самиев, аз раисикунандаи суди «Шаҳри Душанбе» дархост кард, ки ба ӯ ҷазои ғайри ҳабсӣ ҳукм кунад.

Фаррух Самиев, яке аз айбдоршуда дар қатли "Бобои барфӣ" нимаи рӯз,  дар марҳилаи нимниҳоии судӣ сухани охирини худро ироа кард: «Ман аз падару модар, апаву хоҳар, акаву додар ва аз наздикони раҳматии бародарам Парвиз Давлатбеков узр мепурсам ва ҳамдирдӣ баён мекунам. Ман аз кардаи худ пушаймонам. Аз мӯҳтарам судя ва машваратчиён хоҳиш мекунам, ки ҷавонӣ ва оиладории маро ба инобат гирифта, нисбати ман ҷазои ғайри ҳабсӣ элон кунанд».

Ин дар ҳолест, ки Садриддин Бобоев, додситоне, ки масъулияти айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи қатли Парвиз Давлатбековро дорад, аз додгоҳ дархост карда буд, ки ба муттаҳамони парванда - Фаррух Самиев ва Шараф Давлатов маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати панҷ солӣ, бо нигоҳ доштан дар зиндони низомаш умумӣ ҳукм барорад. Ба Ҳасан Абдурашидов, дигар аз айбдоршудаи парванда ҷазои пардохти ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи маошро пешниҳод кард. Додситон аз додгоҳи шаҳрӣ хоста, ки нисбати Беҳрӯз Шарифов, айбдоршудаи аслии  ин парванда ҷазои 10 соли ҳабс бо нигоҳ доштан дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум кунад.

Судя эълом дошт, ки фардо соати 15:00 бо вақти маҳалӣ ҳукми айбдоршудагони парвандаи қатли Парвиз Давлатбеков эълон карда хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!