Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:40

Озмун барои дарёфти ҷоизаи Шайдулло Исоев

2 май 2012, 08:01

Панҷуми майи соли равон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии  вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявии пойгаи варзиши сабук барои дарёфти ҷоизаи корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон Шайдулло Исоев доир мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории «Озодагон» итилоъ доданд, дар чорабинӣ ширкати варзишгарон аз вилояти Суғду ВМКБ, шаҳри Душанбе, Турсунзода, Қурғонтеппа Кӯлоб, навоҳии Ҳисор, Бохтар Вахш, Қубодиён, Шаҳритус, Ҷалолиддини Рӯмӣ, Ёвон, Ҷиликӯл, Мӯъминобод, Шӯробод, Восеъ, Ҳамадонӣ, Данғара, Фархор, Балҷувон, водии Рашт ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймуъмин Раҳимов дар назар аст.

19-уми майи соли равон  дар саросари кишвар дави миллӣ дар масофаи 10 километр баргузор мегардад. Дар шаҳру навоҳии кишвар дав тибқи хатсайрҳо, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳӣ тасдиқ мегардад, доир мешавад.

Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши оммавӣ, доир карда мешавад. Ғолибон ва ҷоизадорон бо диплому медал ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!