Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:17

Покистониҳо ба алюминийи тоҷик таваҷҷӯҳ доранд

2 июн 2011, 05:49

Вазири тоҷик бо намояндагони доираҳои тиҷҷории Покистон мулоқот анҷом дод.

Тибқи иттилои расида, вазири рушди иқтисод ва савдо  Фаррух Ҳамралиев соҳибкорону тоҷирони Покистониро, ки ҷиҳати иштирок дар Анҷумани соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистону Покистон ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни ин мулоқот ҳайати соҳибкорон ва тоҷирони покистонӣ таъкид карданд, ки мо омода ҳастем дар вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги Покистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла  бунёди нерӯгоҳҳои барқиӣ -обӣ, коркарди алюминий, истеҳсоли пахта, ва коркарди минбаъдаи он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Фаррух Ҳамралиев,  аз намояндагони покистонӣ барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон изҳори минатдорӣ намуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!