Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 25 июн 2017, 05:19

Дар муноқишаи шаҳри Маскав ду тоҷик осеб диданд

2 май 2012, 12:22

Шаби  1-ум ба 2-юми майи соли равон дар назди истгоҳи метрои «Выхино»-и шаҳри Москав миёни чанд нафар муноқишае ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа чанд тан, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд.

Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, дар натиҷаи муноқишаи мазкур Руслан Ҷумахонови 33 сола осеб дидааст. Феълан  ӯ дар бемористони ба номи Н. В. Склифосовскийи шаҳри  Москав бистарӣ аст .

Дигаре - Зорро Давлатови 35 сола дар шифохонаи №36-и шаҳри  Маскав зери муоинаи табибон мебошад. Феълан дар мавриди ин муноқиша тафтишот  идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!