Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:47

Дар «СИЗО»-и Кӯлоб шароити нигоҳдории маҳбусон ҷавобгӯи талабот аст

3 май 2012, 06:08

Шароити нигоҳдории маҳбусон дар тавқифгоҳи муваққатии №4-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия дар шаҳри Кӯлоб хуб буда, ҷавобгӯи талабот мебошад.

Ин нуктаро Умар Қаюмов, сардори боздоштгоҳи мазкур баён намуд. Ба қавли вай тавқифгоҳи мазкур барои нигоҳдории гумонбаршудаҳо дар анҷоми ҷиноят пешбинӣ шуда, дар он айбдоршавандаҳо то содир шудани ҳукми суд нигоҳ дошта мешаванд.
Умар Қаюмов мегӯяд, тибқи шароити ҷорӣ 18 нафар барои адои ҷазо дар ин маҳбасхона ба сар мебарад. Ин афрод аввалин маротиба ҳукми судӣ гирифтаанд.
Бо ташаббуси роҳбарият шароити маҳбусон хуб ба роҳ монда шуда, гумонбарон дар утоқҳои алоҳида 2, 4 ва 8 нафарӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатии №4 барои маҳбусони бемор шароити хуби тиббӣ муҳайё кардаанд. Бо дастгирии ташкилоти байналмиллалии «Каритас» 3 утоқи махсуси тиббӣ барои беморони сил, барои 12 ҷой, таъмиру барқарор шудааст. Дар ҳоли ҳозир бино ба иттилои манбаъ, 4 нафар аз маҳбусон ба ин маризӣ мубталоянд.
Судоба Муродова, фелдшери тавқифгоҳ мегӯяд, ҳолатҳое низ буд, ки гумонбаршудаҳо  мубталои ВИЧ-СПИД буданд. «Инҳо ҳамагӣ нашъамандонанд. Соле пеш наздики 20 нафар аз гирифторони ин бемориро ба қайд гирифта будем. Имсол низ 17 нафар бо гумони мубталои ВИЧ будан, барои ташхис пешниҳод шудаанд»,- афзуд манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир, дар тавқифгоҳи муваққатии Кӯлоб 122 гумонбаршуда нигоҳ дошта мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!