Дар Донишгоҳи Маликшоҳи шаҳри Кайсери Туркия ҷашнвораи VI-уми донишҷӯёни тоҷикистонӣ сурат пазируфт.
Тавре ба Озодагон аз ВКХ хабард доданд, дар ин фестивал 150 донишҷӯи тоҷик иштирок доштанд.
Бино ба иттилои манбаъ, чорабинӣ бо ширкати Фаррух Шарипов, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия, Кайсерӣ Ҳайрӣ, ректори Донишгоҳи Маликшоҳ, профессор Рашид Озканҷа, муовини раиси шаҳри Назиксой ва Муҳаммад Ғоиб, шоири халқии Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст.
Манбаъ афзуд, тибқи барномаи фестивал донишҷӯён дар 7 намуд -футбол, волейбол, баскетбол, тениси рӯи миз, шоҳмот, шашка ва гуштини миллӣ қувваозмоӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҷашнвора донишҷӯён истеъдод ва санъату маҳорати худро нишон доданд.
Мӯҳр