Бахшҳо

Намояндагони парлумони Аврупо аз нерӯгоҳи «Норак» дидан мекунанд

Имрӯз, 3-юми май 9 намояндаи парлумони Аврупо вориди Душанбе шуд.

Муҳамадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба Озодагон иттилоъ дод, ки Паоло Бартолотси (Италия), Никол Килл-Ниелсен (Фаронса), Алфред Рубикс (Латвия), Герберт Дорфман (Италия), Марк Тарабелла (Белгия), Катарина Неведалова (Словакия), Кармен Ромеро Лопес (Испаниё), Инес Аяала Сендер (Испаниё) ва Николо Риналди (Италия) ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи дуюми кумитаи ҳамкории парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ва парлумони Аврупо ба Тоҷикистон омадаанд. Дар доираи сафари кори ҳайати парлумонии Аврупо имрӯз  бо роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, сафир Эдуард Ауэр, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ- Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ-ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва доираи тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо, намояндагони аҳзоби сиёсӣ мулоқот менамоянд.

«Фардо,  4-уми май ҳайати бонуфузи намояндагони парлумони Аврупо бо раиси Маҷлиси Миллӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мулоқот намуда, баъди нисфирӯз дар кори ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо иштирок менамоянд»,-афзуд манбаъ.

Рӯзи 5-уми май ҳайати парлумонии Аврупо дар кори семинар, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок намуда, ҳамон рӯз аз нерӯгоҳи «Норак» ва ноҳияи Ҳисор дидан менамояд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)