Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:22

«Як моҳи ҷавонӣ»-и Суғд оғоз меёбад

3 май 2012, 11:40

Соати 17:00-и имрӯз аз майдони Исмоили Сомонӣ то маркази шаҳри Хуҷанд роҳпаймоии ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ ширкати 8 ҳазор ҷавон дар назар аст.

Роҳпаймоӣ дар чорчуби чорабинии «Як моҳи ҷавонӣ» доир мегардад ва таҳти шиори «Ватандорони беҳамтои мулкем!» ҷараён мегирад.
Дар расми ифтитоҳи моҳвораи «Як моҳи ҷавонӣ» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Фаридун Ҳодибоев иштирок хоҳанд кард.
Сипас намоиши  консертии ситораҳои эстрадаи вилоят пешкаши сокинон ва меҳмонони  чорабиниҳои «Як моҳи ҷавонӣ» мешавад.

 

Дар  ин бора ба Озодагон аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!