Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:12

Гул Шералӣ ва Лутаф Касам ҳамкориҳои энержиро ба баррасӣ гирифтанд

4 май 2012, 03:02

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон бо коршиносони Фонди Оғохон дар умури рушди иқтисодӣ (AKFED) мулоқот кард.

Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба Озодагон гуфтанд, ки дар садри ҳайати коршиносони Хазинаи Оғохон Лутаф Касам, мудири бахши иқтисодии Фонди мазкур қарор дошт.

Гул Шералӣ аз саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар соҳаи энергетика дар ВМБК, аз ҷумла сохтмони НБО–ҳои Ширк 1, Ширк 2, Бартанг, ҳамчунин нерӯгоҳҳои барқии обии дарназардошташуда – Ванҷу Мурғоб ибрози назар кард. Ҳамчунин имконияти ба роҳ мондани корҳо вобаста ба асосноккунии техникию иқтисодии НБО-ҳои Санобод, Себзор, сохтмони хатҳои интиқоли барқ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон мувофиқи мақсад ҳисобида шуд. Тавре ки зикр гардид, тадбиқи лоиҳаҳои мазкур барои таъмини қисмати зиёди Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон, рушди соҳаи саноати ин минтақаҳо, бахусус маъдан ва таъмини аҳолии ин минтақаҳо бо ҷои кор мусоидат хоҳад кард.

«Лутаф Касам иброз дошт, ки имконияти тадбиқи лоиҳаҳои мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда, Фонди Оғохон густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои мазкур мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд»,-афзуд манбаъ.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои саноатӣ минбаъд густариш хоҳанд ёфт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!