Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:45

Мавзуна Чориева шонси соҳиби роҳхати олимпӣ шуданро дорад

4 май 2012, 03:47

Мавзуна Чориева ва Матлуба Каримова ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон ба ҷумҳурии халқии Чин мераванд.

Ин сабқат 9-уми май дар шаҳри Синхуандао шурӯъ мегардад.

Муродалӣ Тешаев, сардори маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, Мавзуна Чориева дар вазни 60 кило рақобат мекунад ва имкони хуби ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Лондонро дорад.

«Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон аз рӯи 10 вазн қувваозмоӣ сурат мегирад. Танҳо ғолибони 3 вазн (51, 61 ва 75 кг) шонси соҳиби роҳхати олимпӣ шуданро доранд. Онҳое, ки дар ин вазнҳо ҷойҳои аз 1 то 8-умро ишғол мекунанд, ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпиро пайдо хоҳанд кард»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистон то имрӯз нӯҳ роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпиро соҳиб шудааст, ки миёнашон ягон бону нест.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!