Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:02

Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон кам шудаст

4 май 2012, 05:24

Коҳиши сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, ки соли дуюм аст дар Тоҷикистон идома дорад, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 6,4 фоизро ташкил додаст.

Тибқи омори расмӣ дар кишвар таи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 80 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоиз камтар аст.

Аз ҳама зиёд хонаҳои истиқоматӣ дар вилояти  Хатлон сохта шудаанд, ки 49,2 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар Суғд ин рақам ба 21,2 ҳазор метри мурабаъ баробар будааст.

Тавре аз маълумоти Агентии омор бармеояд, саҳми давлат дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон ночиз аст. Беш аз 90 фоизи хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби аҳолӣ бунёд гардидаанд. Ташкилотҳои пудратӣ ҳам дар давраи январ-марти соли ҷорӣ дар ҳаҷми 283,4 миллион сомонӣ кор анҷом додаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2011 наздики 60 миллион сомонӣ камтар аст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!