Бахшҳо
04 май 2012 09:32Хабарҳои ҷаҳон

Депутатҳои немис: Лукашенко «мизбони сазовор»-и МҚҶ-2014 нест

Вакилони бундестаг тарҳеро омода кардаанд, ки дар он даъват мешавад, чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей дар соли 2014 аз Белорус ба кишвари дигар интиқол дода шавад.

Лоиҳаи мазкурро фраксияи сотсиал-демократ ва «Сабзҳо» таҳия кардааст. Ҳамчунин, вакилони дигар фраксияҳо низ омодагии худро ба ҳамрайъӣ ба ин тарҳ изҳор доштаанд. Сиёсатмадорони немис гуфтаанд, Александр Лукашенко, президенти Белорусия «мизбони сазовор»-и мусобиқаи мазкур нест.

Ба иддаои депутатҳои бундестаг бойкот кардани сабқат ба қазияи нахуствазири собиқ Юлия Тимошенко рабт дорад. Онҳо Тимошенкоро маҳбуси сиёсӣ унвон кардаанд.

Ба қавли онҳо вазъи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Белорусия дар қиёс ба Украина бадтар аст.

Дар ин тарҳ вакилон аз Иттифоқи хоккейи Олмон даъват мекунанд, ин мавзӯъро дар конгресси байналмилалии федератсияҳои хоккей, ки дар Хелсинки мегузарад, матраҳ намоянд. Сиёсатмадорон муътақиданд, ки «барои аксари варзишгарон аз дасти диктатор гирифтани ҷоиза хушоянд нест».

Қаблан, парлумони Аврупо аз федератсияҳои миллӣ даъват ба амал овард, зиди баргузории чемионат дар Белорусия садо баланд кунанд. Рене Фазел, президенти Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) он замон гуфта буд, ин мавзӯъ дар конгреси моҳи майи IIHF баррасӣ хоҳад шуд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)