Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:13

Боз як сомонаи дигар барои кӯдакони тоҷик

4 май 2012, 11:27

Мутахассисони муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» сомонаи миллии www. no-childlabour.tj-ро боз кард.

Тавре ба Озодагон аз муасисаи мазкур хабар додад, ин сомона бо кӯмаки техникии Ташкилоти байналмилалии меҳнат-Барномаи барҳам додани меҳнати кӯдак дар Тоҷикистон таҳия шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, мақсади боз кардани сомонаи миллӣ пешниҳоди иттилои бештар оид ба сатҳи зиндагии кӯдакони кишвар аст. Ҳамчунин, дар ин сайт шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ба нашр расонида мешавад.

Манбаъ афзуд, ҳуҷҷатҳои сайт барои тамоми тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ, шарикони иҷтимоӣ, ташкилотҳои ғайридавлатие, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак фаъолият доранд, воситаҳои ахбори милливу минтақавӣ ва ҷомеа нафъовар хоҳад буд. Ин сомона мақсад дорад, фаъолият ва дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирӣ ва бартараф намудани меҳнати кӯдак дар кишвар муттаҳид ва ба мубодилаи иттилооту паҳн намудани таҷрибаи пешқадам доир ба ин масъалаҳо мусоидат намояд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!