Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Шурообод: Беш аз 21 кило бангдона мусодира шуд

5 май 2012, 06:14

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт дар ҷануби кишвар бо иттиҳоми нигоҳ доштани маводи мухаддир Шодмонхӯча Иброҳимови 23 соларо дастгир кардаанд.

Аз ВКД ба Озодагон гуфтанд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ин сокини деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Шӯрообод 15 килою 525 грамм маводи нашъадори бангдонаёфт ва мусодира шудааст.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар паи амалиёти дигар аз сокини дигари ноҳия Комрон Мирзоеви 24 сола 6 килою 480 грамм бангдона дарёфт шудааст.
Дар робита ба ҳар ду ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!