Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:58

Қоҳир Расулзода дар Чкалов чӣ меҷӯст?

7 май 2012, 03:22

Охири хафтаи сипаришуда  раиси вилояти Суғд аз шаҳри Чкалов боздиди корӣ анҷом дод.

Аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Озодагон гуфтанд, ки
Қоҳир Расулзода зимни ин сафар аз ҷараёни сохтмони хобгоҳ барои шогирдони мактаби президентӣ дидан намуд. Дар ин мавзеъ барои 200 хонандаи мактаби президентӣ сохтмони хобгоҳ дар арафаи анҷомёбист, аммо раиси вилоятро сифати кори сохтмончиён қаноатманд накардааст. «Алҳол дар бино корҳои пардозкунӣ ва рангубори бино идома дорад, вале муносибати коргарон ба дару тирезаҳое, ки аллакай шинонида шудаанд, раиси вилоятро нигарон сохт»,-афзуд манбаъ.
Сохтмони хобгоҳ моҳи феврали соли 2001 оғоз гардида, барои бунёди он 4 миллиону 328 ҳазор сомонӣ аз маблағи буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо шудааст. Дар иншоот алҳол 60 нафар кор мекунанд. Хобгоҳ то охири моҳи июн пурра сохта ба истифода дода мешавад.
Сипас раиси вилоят аз мактаби  президентӣ дидан кард ва ба роҳбарияти он супориш дод, то барои аз таъмири ҷузъӣ баровардани саҳни бино чораҳои  зарурӣ андешанд. Дар мактаби президентӣ алҳол 726 нафар таҳсил мекунад. Ин мактаб 27 июни соли 2009 ба истифода дода шудааст.
Қоҳир Расулзода баъдан ба корхонаи сангҳои ороишии «Элегант» рафт. Дар ин коргоҳ коркарди сангҳои маҳаллӣ ба рох монда шуда, аз сангҳо ороишии роҳраву девор ва маҳсулоти хурди меъморӣ - кӯза,  фаввораҳо, шаршараҳо, ҳамин қабил зиёда аз 50 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. Дар корхона 50 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин ҳастанд, ки қисми зиёди коргаронро занҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
«Раиси вилоят аз иншоотҳои сохтмонӣ ва маҷмааи варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолият низ дидан кард. Ҳангоми боздид аз рафти сохтмони Қасри варзиш Қоҳир Расулзода ба меъморон ва лоиҳакашон супориш дод, то дар поёнтари Қасри варзиш лоиҳаи сохтмони кӯли сунъиро оғоз намоянд. Баъди анҷоми сохтмони Қасри варзиш барои 3500 ҷои нишаст дар саҳни он сохтмони кӯли сунъӣ барои сайри гашту сокинони вилоят дар назар аст. Ҳамчунин раиси вилоят бо рафти сохтмони майдончаи яхи сунъӣ шинос гардид. Ин майдонча дар қисмати поёнии «Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бунёд мешавад. Алҳол корҳои омодакунии майдон ва сохтани ҷои нишаст ба пуррагӣ ба анҷом расонида шуда, ҳафтаҳои наздик сохтмони иншооти яхи сунъӣ оғоз мегардад. Бори аввал дар вилоят майдони яхи сунъӣ ба андозаи 20 бар 40метр сохта мешавад»,-илова намуд сарчашмаи хабар.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!