Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:50

Хиёнат

2 июн 2011, 08:23

Шояд  ин калима бадтарин вожа дар назди онҳоест, ки худро эҳтиром мегузоранд ва арзишҳои ахлоқиву усули сарбаландиву озодагиро меъёри зиндагӣ мешиносанд. Ба ҳар сурат барои ман сахт риққатовар аст, ки ин вожаро дар баробари омўзгор ба кор гирам ва Худо гувоҳ аст, ки ба тўл кашидани рўи коғаз оварданаш ҳам ҳамин андеша буд.

Шояд беш аз ду моҳ аст, ки  сари он фикр мекунаму як нерўи ниҳоние иҷозаи рўи коғаз овардани андешаҳоям перомуни ин мавзўъро ба ман намедиҳад.

Албатта  сухан танҳо сари хиёнати муаллим ба арзишҳо нест. Пеш аз ҳама бояд таваҷҷўҳ ба он шавад, ки ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷомеа ба муаллим, ба ҷойгоҳи беназири ў хиёнат кардаанду хиёнат мекунанд. Гуфтани ин ҳарф бароям тарснок набудаву нест, балки бароям даҳшатовар он аст, ки ҳама ин хиёнатро мебинанду сукут ихтиёр кардаанд. Шояд ҳамин хомўшиву сукуташонро низ метавон як навъи хиёнат арзёбӣ намуд? Гузашта аз ин як муаллим ё омўзгор ҳарчанд мисли ҳама аҳли ҷомеа як шаҳрванд ва як шахсият аст, боз як сифате дар ў вуҷуд дорад, ки варо аз ҳама фарқ мекунонад. Ў вазифа дорад соҳибони ояндаи ин марзу бум, вазирону кабирон ва шояд президенти ояндаро таълиму тарбия диҳад. Шояд ҳасодат ва тарс аз оянда аст, ки ин ҳама соҳибмансаб сидқан дар паи фароҳам овардани шароит барои омўзгор дар ростои иҷрои вазифаи аслияш нестанд? Агар чунин нест, чаро муаллимро ба корҳое банд кардаанд, мисли маъракаи интихобот, ҷашну маросимҳо, пешвозу бадрақа ва ғайра, ки аслан ҳеч дахолат ва рабте ба вазифаву ҷойгоҳи омўзгор надоранд.

Борҳо шоҳид будаму шумо низ ҳатман гувоҳ шудаед, ки ҳар касе аз поин рафтани ҷойгоҳи муаллим дар ҷомеа сухан мегўяду мувофиқи фаҳму даркаш иллатҳои онро решаёбӣ мекунад. Ҳатто ниҳоди мубориза бо фасод низ ришвахориро байни муаллимон ҷуставу чанд танеро боздошт ҳам кард. Ин дар  ҳолест, ки музди моҳонаи муаллим дар кишвари мо дар муқоиса ба ҳамаи кишварҳои минтақа дар поинтарин зина қарор дорад. Албатта кам будани моҳона ба ҳеч ваҷҳ набояд далеле барои ришва гирифтан ва ё ба баҳонаҳои мухталиф аз донишомўзу донишҷў пул ҷамъ кардани муаллим шавад. Ин амр хиёнат ба мафҳуми муқаддасе ба номи муаллим аст. (Албатта агар ин матлабро шикамдамидаҳое, ки аз пули ришва мисли гови парворӣ ҷисмашон қабат-қабат рўған баста, бихонанд эҳтимолан шикамсерӣ хоҳанд хандид, ки то чи ҳад муаллиф содаву бехабар аст!) Зеро пеш аз ҳама дар назди шогирдон қадру манзалати муаллим поин меояд ва ҳамин амр худ хиёнат ба муаллим ҳамчун омўзгори соҳибони фардои миллат ва ояндаи ин марзу бум аст.

Ман ҳозирам дар ҳар куҷо бо ҳар нафаре баҳс кунам, ки дастпарвари муаллиме, ки зиндагияшро бо хиёнат ба арзишҳо таъмин мекунад, ба ҳеч ваҷҳ ба ин марзу бум ва муқаддасоти он садоқат нахоҳад дошт. Бовар кунед, онҳо дар аввалин фурсати муносиб хиёнат пеша хоҳанд кард. Аслан шояд барояшон хиёнат дигар мафҳуми бад надошта бошад ва онро як ҷузъи меъёрҳои зиндагӣ ба ҳисоб оранд.

Мани рўзноманигор ба ҳеч ваҷҳ вазифа надорам касеро ҳушдор диҳам. Аммо наметавонам дар баробари ба меъёри зиндагӣ табдил шудани хиёнат ба арзишҳо сукут кунам. Наметавонам дар баробари руҳи озодагӣ ва сарбаландиро дар ниҳоди фарзандони ин марзу бум ба қатл расонданҳо хомўш бошам. Ҳоло агар муаллимон дар баробари хиёнат ба ҷойгоҳи болояшон ва хору залил нигоҳ доштанҳо сукут мекунанд, ҳавола ба худи онҳост. Аммо набояд тақозо дошта бошанд, ки ману афроде мисли ман ҳам дар баробари хиёнат ба фардои миллат бетараф бошем.{jathumbnail off}
Зафари Сӯфӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!