Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:51

Маскав аз ҳифзи пойгоҳҳои Амрико дар Афғонистон нигарон аст

7 май 2012, 06:23

Русия хостори тавзеҳ дар бораи тавофуқномаи стратегии Амрико ва Афғонистон аст.

Сухангуи вазорати хориҷаи Русия таъкид кардааст, ки идомаи ҳузури низомии Амрико ва НАТО дар Афғонистон манофеи ин кишварро таҳти таъсир қарор медиҳад ва ИМА бояд ба нигарониҳои мақомоти Маскав дар ин робита посух бидиҳад.
РИА «Новости» аз нақли Александер Лукошувич, сухангуи расмии вазорати хориҷаи Русия менависад, ки ҳалу фасли масоили марбут ба пойгоҳҳои низомии Амрико ва НАТО дар Афғонистон пас аз соли 2014 манофеи Русияро таҳти таъсир қарор медиҳад.
Лукошувич гуфт: «Комилан қобили дарк аст, ки соли 2014 нақши бисиёр бузурге аз лиҳози гироишот дар минтақа бозӣ мекунад ва ин масъалаи манофеи амниятии Русия ва шарикони ин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказиро таҳти таъсир қарор медиҳад».
Ба гуфтаи ин дипломатии баландпоя, Русия ҳамчунон итилои дақиқе дар ин хусус надорад, ки ҳузури низомии Амрико ва аҳдофи ин кишвар дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз ин кишвар чӣ хоҳад шуд.
«Мо моил ҳастем, то ба тамомии ин саволҳо посух дода шавад. Феьлан, мо посухе ба ин  пурсишҳо дарёфт накардаем. Ба ҳамин далел нигарониҳое дар ин робита вуҷуд дорад, ки лозим аст ба онҳо вокуниш нишон дода шавад ва мо умедворем ки ба зуди ин тавзеҳотро дарёфт кунем»,-афзуд номбурда.
Ҳамон тавре ки расонаҳои гурӯҳӣ эълом карданд, рӯзи чоршанбеи гузашта Барак Обама ва Ҳомид Карзай, президентҳои Амрико ва Афғонистон тавофуқномаи роҳбурди дуҷониба имзо карданд, ки бар асоси он Афғонистон расман худро яке аз шарикони наздики Амрико эълом карда аст.
Мақомоти Вашингтон итминон доданд, ки ҳадаф аз ин тавофуқнома эҷоди пойгоҳҳои низомии доим дар хоки Афғонистон нест, вале дар ин санад ба Амрико ин ҳақ дода шудааст, то баъд аз соли 2014 ба таъсисоти низомии Афғонистон дастрасӣ дошта бошад.


 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!