Владимир Путин, президенти тозаинтихоби Русия баъди анҷоми расми савгандёдкунӣ расман ба фаъолият шурӯъ кард.
Баъди қасамхӯрии Путин раиси Додгоҳи конститутсионии Русия Валерий Зоркин ӯро президенти расмии Русия эълон кард.
Маросими савгандёбкунӣ аз тариқи 6 шабакаи телевизионии Русия мустақиман пахш гардид.
Тавре пештар маркази матбуоти Кремл хабар дод, дар ин маросим қариб 3 ҳазор меҳмон аз ҳисоби аъзои ҳукумат, вакилони думаи давлатӣ, аъзои Шӯрои федератсия, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ҳамчунин рақибони сабқати президентии Путин даъват гардида буданд.
Влдаимир Путин дурнамои фаъолияти худро дар 6 соли баъдӣ муайян кард.
Ин лаҳзаҳо ҳавои Маскав зери садои тупу зангула қарор дорад.
Мӯҳр