Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:04

Курсии нахуствазири Русия соҳиб ёфт. Муваққатан

7 май 2012, 08:44

Виктор Зубков муваққатан иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир шуд. Зубков аз ин пеш дар курсии ноибсарвазир менишаст.

Чунин як фармонро Владимир Путин қабл аз маросими савгандёбкунияш ба тавсиб расонд. Виктор Зубков таҷрибаи роҳбарии ҳукуматро дорад. Ӯ аз 14-уми сентябри соли 2007 то 7-уми майи соли 2008 сарвазир буд.

Тамоми дигар аъзои ҳукумати Русия то тасдиқи кабинаи нави ҳукумат дар вазифаҳои худ фаъолият хоҳанд кард.

Таври маълум ба курсии сарвазир Дмитрий Медведев, ки аз мақоми раёсатҷумҳурӣ канор рафт, мешинад. Владимир Путин қаблан ваъда карда буд, ки номзадии ӯро ба баррасии Думаи давлатӣ пешниҳод мекунад. Раиси парлумон Сергей Наришкин гуфтааст, ки ин масъала 8-уми май баррасӣ мешавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!