Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:56

Мегафон-Тоҷикистон боз як озмуни худро ҷамъбаст кард

7 май 2012, 11:03

Маъруфхон Хоҷаев, донишҷӯи донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия соҳиби ҷоизаи озмуни «Беҳтарин телефони қадима» донитста шуд.

Озмуни мазкур, ки дар якҷоягӣ бо радиои «Ватан» роҳандозӣ гардида буд беш аз як моҳ боз идома дошт. Имрӯз, 7-уми май дар бинои Шарқи Озод аз он натиҷагирӣ карданд. Шаҳноз Комилзода, пиар-менеҷменти ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт, озмуни мазкурро ба муносибати Рӯзи алоқа созмон додаанд. Ба қавли номбурда ба ғолиб Мегателефон додаанд. Иштирокчиёни фаъоли дигар низ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шудаанд. «Талаботи озмун ҳамин буд, ки иштирокчиён акси телефони қадимтарини худро бо қиссаи ҷолиб дар фейсбук нашр намоянд. Ғолиб ҳамоне мегардид, ки овози зиёд мегирифт. Ба ҷонибдории  Маъруфхон 106 нафар овоз додааст. Аз ин рӯ ҷои аввалро ба ӯ додем»,-афзуд Шаҳноз Комилзода.

Дар озмун ҳудуди 50 намуд телефони қадима бо қиссаҳои гуногун пешниҳод шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!