Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:06

Ба шасти милиса «қаллоби моҳир» афтод

7 май 2012, 11:34

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ як сокини 46-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро бо ҷурми қаллобӣ боздошт кардаанд.

Аз ВКД ба Озодагон гуфтанд, ки Шамсиддин Амриддинов бо роҳи фиреб ба боварии Ҳусейн Довари Фалаҳниё, шаҳрванди ҷумҳурии Исломии Эрон даромада, бо тайёр кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳамчун директори ҶДММ «Стандарт», барои хариду фурӯши 200 тонна алюминий ба маблағи умумии 350 000 ҳазор доллари амрикоӣ шартнома бастааст. Аз ин маблағ 16750 доллари онро то ҳол барнагардонидааст. Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши он идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!