Бахшҳо

ҲНИТ алайҳи Прокуратураи генералӣ шикоят бурд

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфтааст, ҳадаф аз даъво алайҳи додситонӣ муайян кардани қонунмандии санҷиши фаъолияти ҳизб аз сӯи прокуратура аст, ки аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ ҳам дар созмонҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҳам дар дафтари марказии ҳизб баргузор гардид.

Ба қавли номбурда бар пояи як дастури Додситонии кулл аз моҳи январи соли ҷорӣ, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ мавриди тафтиш қарор гирифт. Дар ҳоле ки санҷиш ва бозрасии аҳзоби сиёсиро тибқи қонун танҳо вазорати адлияи Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.
Масъулони ҲНИТ мегӯянд, санҷиши фаъолияти ҳизб аз ҷониби Додситони кулли Тоҷикистон дар пайи дарҷи аснод (Протоколи 32-20) аз ҷаласаи махфии ҳукумат дар сайти русии «Звезда.ру» ва нашри матлабе бо номи «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб» сурат гирифтааст.
Сомонаи "Звезда.ру"-и Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар матлабе таҳти унвони «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб» навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст. Ва дар ин сомона  ҳуҷҷатҳое аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон таҳти унвони Протоколои 32-20 ба чоп расида буд, ки мӯҳтавои матлаби дарҷшуда дар ин сомонаро ташкил медод.
Дар чанд рӯзи қабл вакилони ҲНИТ аз Додситони кулл посух гирифта буданд, ки мӯҳтавои ин Протокол таҳриф шудааст. Бад ин манзур онҳо бо ирсоли як номаи расмӣ ба унвони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостори дарёфти нусхаи асли Протоколи 32-20 шуда буданд, менависад «Озодӣ».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)