Бахшҳо
02 июн 2011 08:59Сиёсат

Машварати Данғара

Номаълум, ки сафару мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар рўзҳои 24 ва 25 -уми май то куҷо аз қабл барномарезӣ буданд, аммо як чиз рўшан буд: ба ҳукумат, хоса ба президент мушкилоти мавҷуда "то гулў"  расидаанд. Бидуни ягон жест…

Бовуҷуд, аз ҷараёни умумии ин сафар, бахусус мулоқоти президент бо намояндагони ҳукумат хулоса кардан душвор буд, ки асли мушкилоти ҷомеа дар куҷост. Ба назари ман чунин менамуд, ки ҷаноби Раҳмон аксари мушкилотро дар мансабдорони худ медид. Бешак ин ҳарфи наве нест, чун қаблан доираҳои таҳлиливу коршиносӣ дар ин бора зиёд мегуфтанд. Вале бори аввал буд, ки чунин ҳарфҳо аз забони шахси аввал шунида мешуд: "Аксари Шумо барои худ кор мекунед. Барои ҳамин дар байни халқ обрў надоред!".

Аҷиб буд, ки пас аз ин президент аз як хоҷагии ноҳияи Фархор мисол овард ва гуфт дар ин хоҷагӣ тақрибан гўсфанде боқӣ намондааст. Натиҷаи тафтишоти мақомоти гуногун, аз ҷумла на агентии мубориза бо коррупсия, на прокуратура ва на амният ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон ҳич як қонуншиканиро ошкор накардаанд. Зеро "ҳамаашон даст доранд" гуфт ў.

Намедонам чаро пас аз дидани ин лаҳза аз пардаи шабакаҳои телевизион, ба хотири ман шеъри мазкур омад:

Мо дар талаби доруи худ чун кўшем?

Он кас, ки табиби мост, бемор шудаст!

Вале президент чизи дигареро ба хотир овард. Мушаххасан намоишномаи "Бо як гул ҳам баҳор мешавад" -и театри ноҳияи Данғараро ва ба раиси Кумитаи телевизиону радио супориш дод, ки ин спектаклро бори дигар ба намоиш гузораду тамоми мансабдорон онро тамошо кунанд.

Дарвоқеъ, ин бори аввал нест, ки ҷаноби Раҳмон дар мулоқотҳои худ аз намоишҳои гуногуни шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мисол меорад ва бо ҳамин маълум ҳам кардааст, ки аз мухлисони ин шабакаҳост. Хеле хуб. Албатта, дар ин баробар бад намебуд, агар ў ҳамчунин аз матбуоти тоҷик низ гоҳо дар ин гуна нишастҳо мисол меовард. Ба ҳар сурат, сатҳи касбияту озодии матбуоти тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар аз телевизионҳоямон баҳои баландтаре дорад. Мардум ҳам бо шикоёти худ ба идораи нашрияҳо зиёдтар ташриф меоранд. Номаҳои кушода ба унвонии президент, тавре дар яке аз матлабҳои дигари худ ишора карда будам, анқариб ба як жанри журналистӣ табдил ёфта. Яъне имкони дарёфти ахбори алтернативӣ, агар президент инро мехоҳад, дар саҳфаҳои матбуот бештар аз он аст, ки дар пардаи шабакаҳои телевизионӣ…

Аммо дар Данғара гапи Душанбе бисёр буд. Дар ҳоле, ки шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин ҷо ҳузур надошт. Чанд рўз баъд, дар ҷаласаи ҳукумат низ курсии паҳлўи Шералӣ Хайруллоев холӣ менамуд. Ҳади ақалл дар наворҳои телевизион аз ин маҷлис.

Ин воқеият аст, ки президент Раҳмон дар Данғара баъди чандин сол бори аввал буд, ки аз фаъолияти шаҳрдорӣ ин қадар сахт интиқод мекард. Ё аз ғазаб буд, ё аз ҳар чизи дигар, ки ҳатто ба омори расмиву ғайрирасмӣ шубҳа пеш овард: "ҳар сол барои 600 - 700 ҳазор аҳолӣ проблема вуҷуд дорад. Ин ки мегўянд шумораи аҳолӣ дар пойтахт 1000 000 аст, воқеият нест. Душанберо "заложник" -и 40 гўштфурўш кардаед".

Дар ин ҷо бо сабабҳои маълуму номаълум зарур донист, ки аз Алимардон, Қосимов ва Валиев (раиси "Тоҷикматлубот") ном бубарад. Пеш аз ин президент ҳушдори дигаре дод, аммо на ба мансабдорон. Ў ба соҳибкорони маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба  назараш маҳз онҳо боис ба баландшавии нархҳо гардидаанд, ошкор эълон намуд: агар бе асос нархи маҳсулотро боло мебаранд, фурўши ин маҳсулотро дар бозорҳо барояшон иҷоза нахоҳад дод!

Ба ин дархост ё ҳушдор пеш аз ҳама раиси "Тоҷикматлубот" Сироҷиддин Валиев "лаббайк" гуфт. Маҳз ў ё идораи зертобеаш буд, ки ҳамагӣ пас аз ду рўзи нишасти Данғара эълон намуд: дар ноҳияи Рўдакӣ забҳхонаи нав кушодааст ва ҳамарўза аз 10 то 20 чорворо забҳ кардаву бо нархи арзон пешкаши мардум хоҳад кард. Иқдоми хеле хуб, аммо сахт фикрзо. Магар  дар 2 рўз бо арзиши 500 ҳазор сомонӣ ташкил намудани чунин қассобхона ҷои фикр надорад? Оё ин маъниеро ҳам ба бор намеорад, ки ҷаноби Валиев ва муассисаи зери назари ў ба чунин бархўрди президент аз қабл омодагӣ доштаанд? Агар чунин аст, саволи дигаре пайдо мешавад: эҳтимоли ба ин восита ба монополия табдил додани савдои гўшт ба дасти гурўҳи муайян вуҷуд надорад?

Мисли ҳамин дар ҷараёни сафару мулоқоти президент дар Данғара саволҳои зиёде ба миён омаданд. Хоса, вақте аз хоҷагиҳои муваффақи кишоварзии ин ноҳия бошавқ нақл  мешуд ва раиси ноҳия низ дар охири нишаст бе ягон дудилагӣ эълон намуд: Данғара ҳич касро гушна намемонад!

Бешак, хоҷагиҳое мисли "Сомонҷон", ки беш аз 1500 га замин ва имконоти зиёде дар ихтиёр доранд, барвақт дарк кардаанд: дар ин шабу рўз, ҳолате, ки ҷаҳонро бўҳрони ғизоӣ фаро гирифтааст, бояд авлавиятҳое ба кишоварзӣ дод.

Ин паҳлўи масъала, ки чунин авлавият ва чунин имконро на ҳама дорад, мавзўи дигарест ва дар ин бора кам ҳам нагуфтаанд. Бегуфтугў тиҷорат чизи хубест, аммо дар ҳоле, ки арзишҳои дигаре ва ҳолати ҷиддитаре аз манфиатҳои инфиродиву гурўҳӣ вуҷуд доранд, мебояд аз баҳри баъзе нафъхоҳиҳо гузашт.

Ҳоло бошад, вақте нишасти Данғараро ман тамошо мекардам, ин машварат ва ин тарзи суханронӣ ҳолатеро ба хотирам овард, мисли 23 -юми феврали соли 2008. Ҳамон гуна ҳузндор, пурташвиш ва дар охир гўё умедворкунанда: мо набояд ба ҳушдорҳои дохилу хориҷ сахт дода шавем!

Вале ин ҳарфҳоро на танҳо шунидан, балки ба онҳо мутмаин шудан низ хушоянд аст. Феълан онро танҳо  шунидем…{jathumbnail off}

Раҷаби Мирзо

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)