Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 00:59

Як голи беҷавоби «Истиқлол» ба дарвозаи «Ал-Амари»

7 май 2012, 12:37

Даврон Эргашов, бозингари тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар дақиқаи 75-уми дидори  «Истиқлол» -«Ал-Амари» гол зад.

Ин ягона гол дар бозии имрӯза аст.  Ёдовар мешавем, бозии «Истиқлол» ва «Ал-Амари»-и Фаластин дуюмин дидор дар гурӯҳи «С»-и сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2012 мебошад.

Ёдовар мешавем, сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC дар гурӯҳи «С» 5-уми май дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо рақобати «Ал-Амарӣ»-и Фаластин ва «Балкан»-и Туркманистон шурӯъ гардид. Дар ин бозӣ дастаи «Ал-Аммарӣ» рақибашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Бозии сеюми гурӯҳи «С» 9-уми май соати 16:00 бо қувваозмоии «Истиқлол»-и Душанбе ва  «Балкан»-и Туркманистон  оғоз мегардад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!