Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Президенти нав суръати хуруҷи нерӯҳои кишварашро аз Афғонистон метезонад

8 май 2012, 07:20

Франсуа Олланд, президенти тозаинтихоби Фаронса тасмим дорад, нерӯҳои кишварашро ҳамин сол аз Афғонистон берун кунад.

«Фикр мекунам, дуруст мешавад, ки нерӯҳои низомии мо то охири соли 2012 ба ватан баргарданд», -изҳор дошта буд, Олланд дар барномаҳои қаблазинтихоботии худ. Интизор меравад, президенти нав стратегияи ҷадиди хуруҷи нерӯҳоро дар саммити НАТО, ки 20-21-уми май дар Чикаго баргузор мешавад, пешниҳод намояд. Хабаргузории «Франс Пресс» аз нақли як манбаи худ аз доираҳои НАТО навиштааст, ки ситоди Паймони атлантикаи шимолӣ нақшаи тезонидани берун кардани низомиёни Фаронса аз хоки Афғонистонро чандон хуш надорад.

Дар ҳамин ҳол Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, «агар Фаронса хуруҷи нерӯҳояшро то охири соли ҷорӣ амалӣ намояд, боиси нигаронии мо хоҳад шуд, аммо ба ин тасмим эҳтиром мегузорем».

Дар ҳоли ҳозир теъдоди низомиёни Фаронса дар ҳайати Нерӯҳои байналмилалии эътилоф ба 3300 нафар мерасад. То ин муддат бар асари амалиётҳо 82 хидматчии харбии ин кишвар кушта шудааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!