Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:34

Кӯлоб аз рӯзи Ғалаба бар фашизм ҷашн мегирад

8 май 2012, 09:30

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб тасмим дорад 67-умин солгарди Ғалаба бар фашизми ҳитлериро бо тантана таҷлил кунад.

Тибқи нақшаи чорабинӣ, 9-уми май иштирокчиёни ҶБВ, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва Чернобил, намояндагони ҳукуматҳои шаҳриву вилоятӣ ва дигар меҳмонони расмӣ дар Боғи марказии шаҳр ба ҳам омада, баъдан дар Боғи ба номи Ғалаба назди гулхани абадӣ маросими гулчанбаргузорӣ ба хотири шаҳидони ин ҷанг баргузор мегардад. Сипас, дар Боғи фарҳангии шаҳр консерти идона ва дар театри ба номи Вализода композитсияи театрикунонидашуда доир хоҳад гашт. Дар охири чорабинӣ хизматчиёни қисми ҳарбии Русия мустаққар дар Кӯлоб, ғолибони Ҷанги Бузурги Ватаниро бо «кашаи солдатӣ» зиёфат медиҳанд.

Барои иштирокчиёни ҶБВ аз номи раиси ҳукумати вилояти Хатлон 500 сомонӣ ва низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 500 сомонии дигар тақдим мешавад. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 58 собиқадори ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба сар мебарад.

 

 

 

 

 

 




 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!