Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Туркия дахолати низомии НАТО дар Сурияро вобаста ба тасмими Шӯрои амният донист

8 май 2012, 09:44

Нахуствазири Туркия бо таъкид бар ин иддао, ки кори режими Сурия тамом шудааст, аз эҳтимоли дархост аз НАТО барои мудохилаи низомӣ дар ин кишвар сухан ба миён овард.

Ба гузориши дафтари хабаргузории «Форс» дар Турия, Раҷаб Таиб Эрдуғон нахуствазири Туркия дар гуфтугӯ бо хабарнигори яке аз рӯзномаҳои Италия дар посух ба саволе дар заминаи ояндаи Сурия ва Башор Асад раисҷумҳури ин кишвар мудаӣ шуд, ки кори режими Сурия тамом шуда аст.

Эрдуғон бо такрори суханҳои мудохилаҷӯёнаи ҳамешагии худ дар мавриди таҳавулоти Сурия аз Иттиҳодияи Аврупо хост, то дар қиболи ин таҳаввулот сарфан низорагар боқӣ намонад. Вай дар мавриди ин ки оё ба мудохилаи низомӣ дар Сурия фикр мекунад ё не, низ гуфт, ки ин масъала танҳо масъалаи Туркия нест, балки Шӯрои амнияти СММ ва Иттиҳодияи Араб низ бояд гомҳои ҷиддӣ дар ин робита бардоранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!