Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:04

Донишҷӯёнро бо иттиҳоми дуздӣ боздошт карданд

8 май 2012, 11:28

Кормандони милиса дар шимоли кишвар ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанро дастгир кардаанд.

Аз ВКД ба Озодагон гуфтанд, ки боздоштшудаҳо Меҳроҷ Алимуҳаммедов, донишҷуи бахши дуюм ва Парвиз Турахонов, донишҷуи соли панҷуми ДДХ мебошанд. Ба иттилои манбаъ ҳар дуи дастгиршудаҳо сокини шаҳри Чкалов, кӯчаи 1-уми Май будаанд. «Онҳо бо роҳи шикастани қулфи дар ба хонаи истиқоматии Шӯҳрат Азизов, сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо молу ашёи рӯзгорро ба маблағи 23 780 сомонӣ рабуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи як амалиёти кормандони милиса боздошт шуданд»,-афзуд сарчашмаи хабар.

Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти он идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!